Платформаи миллӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти зарурати ба таври систематикӣ коҳиш додани таъсири офатҳои табиӣ ба ҳаёт ва фаъолияти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарки он, ки коҳиши хавфи офатҳои табиӣ мушкили чандҷониба ва мураккаби боздорандаи рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар соли 2012 Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табииро таъсис кард. Платформаи миллӣ дар назди Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъиятҳои фавқулодда ташкил карда шуд.
Ҳадафи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ба вуҷуд овардани механизмҳо барои таъмини тамоюли сиёсӣ ва ҳуқуқӣ нисбат ба идоракунӣ ва паст кардани хавфи офатҳои табиӣ; дарк ва таҳкими донишҳои илмӣ ва принсипҳои идоракунӣ ва паст кардани хавфи офатҳои табиӣ аз ҷониби аҳли ҷомеа ва мақомоти давлатӣ; ба ғайр аз ин ҷорӣ кардани масъалаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ба фаъолияти давлат, бахши хусусӣ ва лоиҳаҳои байналмилалии сармоягузорӣ ва грантӣ мебошад.
Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳо ва муассисаҳо, созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар бар мегирад.




(992 37) 221-87-42
АЪЗОЁНИ ПЛАТФОРМАИ МИЛЛӢ







