Маҷлисҳо
-------------------21 июни соли 2012-------------------
21 июни соли 2012 ҷаласаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ баргузор шуд. Дар ин мулоқот вазоратҳо ва муассисаҳо ва ҳамчунин созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва байналмилалӣ иштирок карданд. Дар вақти мулоқот иштироккунандагон масъалаҳои зайлро баррасӣ карданд:
• Баррасӣ ва тасдиқи нақшаи кории Платформаи миллӣ барои соли 2012.
• Баррасии масъала дар бораи ташкили Гурӯҳи доимамалкунандаи коршиносони Платформаи миллӣ ҷиҳати пешниҳод кардани арзёбии коршиносӣ ба лоиҳаҳои қонунгузорӣ ва сармоягузории вобаста ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ.
• Баррасӣ ва тасдиқи нақшҳо ва уҳдадориҳои иштироккунандагони Платформаи миллӣ.
-------------------24 августи соли 2012-------------------
24 августи соли 2012 ҷаласаи навбатии Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ баргузор шуд, ки дар он доираи васеъи масъалаҳо оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ баррасӣ шуд, аз ҷумла:
• Амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои соли 2010-2015 ва муайян кардани самтҳои афзалиятдор;
• Баррасии лоиҳаи «Консепсияи корҳои барқарорсозӣ пас аз офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
• Иҷрои қарорҳои қабулшуда дар ҷаласаи якуми Платформаи миллӣ;
• Баррасии нақшаи кори котиботи Платформаи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои соли 2012.
-------------------16 марти соли 2013-------------------
Мулоқоти севуми Платформаи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ 16 марти соли 2013 баргузор шуд. Иштироккунандагони мулоқот масъалаҳои зайлро баррасӣ карданд:
• Банақшагирии тадбирҳо оид ба пешгирии офатҳои табиӣ дар мавсими баҳори соли 2013;
• Баррасии амалисозии самтҳои афзалиятдори Стратегияи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва таҳияи Атласи хавфҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Маълумот дар бораи тадибрҳои Барномаи Хйог барои солҳои 2005-2015 ва таҳияи барномаи нав пас аз соли 2015;
• Баррасӣ ва тасдиқи нақш ва уҳдадориҳои иштироккунандагони Платформаи миллӣ;
• Баррасӣ ва тасдиқи нақшаи кории Платформаи миллӣ барои соли 2013.
-------------------24 июли соли 2014-------------------
24 июли соли 2014 ҷаласаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ баргузор шуд. Ҷаласаро раиси Платформаи миллӣ, муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон пеш бурд.
Иштироккунандагони Платформаи миллӣ иборат аз вазоратҳо, муассисаҳо ва ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди Идораи Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, БРСММ, ЮНОКХА, ЮНИСЕФ, Федератсияи байналмилаллии ҷомеаҳои Ҳилоли аҳмар, Салиби сурхи Олмон, Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ, АКТЕД, Ҳелветас, GIZ, UNFAO, ОКСФАМ, ФОКУС, Кумак ба шахсони гурусна дар ҷаҳон, Наҷоти кӯдакон ва Корпуси шафқат дар ҷаласа ширкати фаъол доштанд.
Дар ҷаласа масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд:
• Рафти амалисозии Платформаи миллии паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар соли 2013 ва 2014;
• Ҷорӣ намудани ҳуҷҷатгузории лоиҳа оид ба ташкили Системаи ягонаи идоракунии вазъиятҳои фавқулодда дар Тоҷикистон;
• Рафти иҷрои барномаҳо дар чорчӯби амалҳои Барномаи чорчӯбавии Хиог;
• Муаррифии созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳо, донорон дар бораи татбиқи лоиҳаҳо оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон.
Ҷаласаи навбатии Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар санаи 23-уми декабри соли 2014 баргузор гардид. Дар вохӯрӣ вазоратҳо, муассисаҳо ва ҳамчунин созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва байналмилалӣ иштирок намуданд. Дар рафти вохӯрӣ иштироккунандагон масъалаҳои зеринро мавриди баррасӣ қарор доданд:
• Иҷрои қарори вазифаҳои Платформаи миллӣ, ки дар санаи 24-уми июли соли 2014 қабул карда шудааст;
• Баррасии масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси сеюми умумиҷаҳонӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, шаҳри Сендай Ҷопон;
• Раванди татбиқи Барномаҳо оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар минтақа (DIPECHO-8) аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо ва дигар лоиҳаҳои сармоягузоришаванда дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳо;
-------------------30-уми майи соли 2015-------------------
30-уми майи соли 2015, ҷаласаи навбатии Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ бо иштироки 17 вазорату идора ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.
Ҳангоми вохӯрӣ намояндагони Платформаи миллӣ, ки дар ҳайати намояндагони Тоҷикистон дар сеюмин Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар шаҳри Сендай, Ҷопон иштирок намудаанд, натиҷаҳои конфронсро муаррифӣ намуданд. Ғайр аз ин, нақшаи кории Платформаи миллӣ барои соли 2015 аз ҷониби Платформаи миллӣ баррасӣ ва тасдиқ карда шуд. Ба иштироккунандагон иттилоот дар мавриди рафти татбиқи лоиҳа оид ба «Ташкил намудани системаи ягонаи иттилоотии «111»» ва Тафоҳумнома пешниҳод карда шуд, ки байни се хадамоти асосӣ оид ба бартараф кардани садама, яъне Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, хадамоти ёрии таъҷилӣ ва хадамоти оташнишонӣ ба имзо расонида мешавад.
-------------------4-уми декабри соли 2015-------------------
Ҷаласаи навбатии Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар санаи 4-уми декабри соли 2015 баргузор гардид. Дар ҷаласа доираи васеъи масъалаҳо оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ баррасӣ шуданд, аз ҷумла:
• Муайян ва тасдиқ намудани ҳамоҳангсоз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Барномаи чорчӯбавии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030;
• Татбиқи DIPECHO-8 ва баррасии « Дастур барои баргузор намудани омӯзишҳо дар лоиҳаҳо дар сатҳи ҷомеаҳо»;
• Баррасии лоиҳа оид ба «Қоидаҳои анҷоми корҳои барқарорсозӣ пас аз ҳолатҳои фавқулодда ва дорои хусусияти техногенӣ»;
• Баррасии баргузор намудани конфронси минтақавӣ дар мавриди Барномаи чорчӯбавии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ;
• Баррасӣ ва қабул намудани нақшаи кори Платформаи миллӣ барои соли 2016.